Инсониятро дар Литва пайдо кардам.

Гоҳо бояд дучори мусибате, дарде, мушкиле гардӣ, то инсонҳоро бишносӣ. Ман зодаи Тоҷикистонам, солҳо дар Русия кору фаъолият кардаам ва ҳоло дар Литва зиндагӣ мекунам. Аз қазо дар ҷои кор ба ман осеб расид ва дар бемористон шудам. Дар бемористони шаҳри Каунас.
Бидуни шубҳа ин беморӣ лутфи Худо буд, чун ман онҷо ИНСОНИЯТро, ки солҳо дар гумкардаам буд, дидам.
Аз қазо он ҳанӯз вуҷуд доштааст…
Дидам инсоният ҳануз вуҷуд доштааст, дидам ҷони инсон қадр дорад ва ҳастанд касоне, ки кӯмак ба инсонро болотар аз пулу мансаб медонанд. Ва наҷоти ҷони як инсон, ки ба таъбири Қуръон наҷоти ҷони ҳамаи одамон аст, барояшон шараф аст.
Барои як аврупоӣ, як литвонӣ ончи ман дар беморхона дидам шояд чизи оддӣ ва муқаррарист, аммо барои мане, ки муносибат дар беморхонаҳои кишвараму Русияро дидаам, ин як мӯъҷиза буд.
Духтуре ки маро ҷароҳӣ кард, як бачаи ҷавоне буд ба исми Antanas Budinas, аммо фарҳангу муносибаташ мисли мардони рӯзгордида. Аз рӯзе, ки дар беморхона афтодам, парасторон, духтурон, ҳатто фаррошон… ҳамаашон меомаданд, аҳволамро мепурсиданд, тамизам мекарданд, худашон нигоҳубинам мекарданд ва агар зарурати рафтан ба назди духтури дигар пайдо мешуд, худашон бурда меоварданд.
Раиси ширкате, ки дар он кор мекардам, чун аз беморхона афтиданам хабардор шуд, худаш ҳар ҳафта меомад ва хабарам мегирифт. Духтурҳову ҳамшираҳора хоҳиш мекард, ки ин мардро хуб нигоҳубин кунед, ки ғариб аст, дур аз ватану модараш афтодааст. Ҳарчанд, бе гуфтаву хоҳиши ӯ ҳам духтурон ва ҳамшираҳо бо беҳтарин ваҷҳ парасториам мекарданд.


Ман меҳру муҳаббату инсониятро дар ҳаминҳо дидам. То имрӯз ин гуна табибу ҳамшира ин хел инсонияту маданиятро надида будам.
Рузе табибхонуме бо номи Мария омаду пурсид “Салимҷон чӣ ҳол дорӣ? Аз ягон кас шикоят надорӣ – аз табибон, парасторон? Шояд кадомаш нисбатат беҳурматӣ када бошад?”
Гуфтам, “на, хонум Мария, инҷо ба ғайр аз ҳурмату эҳтирому инсоният ман чизи дигаре надидам. Ҳарфе надорам ва самимона миннатдорам, аммо чаро чунин чизҳое пурсидӣ?”
Мария гуфт, “ман зиёд сафар кардаам ва хеле ҷойҳоро дидаам.
Дидаам, ки бо муҳоҷирон муносибати хуб надоранд. Масалан дар Русия нисбати тоҷикону узбекон муносибати хуб надоранд ва мисли саг муносибат мекунанд. Лекин барои мо миллат, нажод, дини инсон муҳим нест. Мо ба ҳама чун ба инсон, як мавҷуди қадрдору арзишманд муносибат мекунем. Мо чунин тарбия шудаем”.
Ва идома дод, ки “тарбияамон ин аст, ки инсонро инсон донем, ба ранг пӯсту нажодаш нигоҳ накунем, ба муҳоҷир ё шаҳрванд буданаш аҳамият надиҳем. Мо табибон қасам хурдаем, ки ҳатто агар душманамон агар ба табиб ниёзманд шаваду ба мо паноҳ оварад, вазифадорем ки ба хотири инсон буданаш табобаташ кунем, на ин ки барои душман буданаш беаҳамиятӣ кунем”.
Мария афзуд, ки “ман дар ҳамсоя кишвари Шумо дар Узбакистон будам, мардуми Осиеи Миенаро мешиносам ва медонам, ки хеле инсонҳои меҳмоннавозу инсондуст ҳастед. Агар мо мисли шумо нафаронро, ки дар ин ҳоли на чандон хубе гирифтор шудаед, тавонему кӯмак накунем, фардо шояд дар ватани Шумо ягон литвониеро бинанду гӯянд, ки инҳо он қадар одамоне хубе нестанд. Дар натиҷа обрӯи мо дар Аврупо паст мешавад. Мо барои инсоният, қадру қимат қоилем. Ҳурмату эҳтиром қоилем”.
Солҳо пас аз ноумедиҳо, эҳсос кардам, ки инсонам ва бо ман мисли инсон муносибат мешавад.
Дар кишвари ман – Тоҷикистон, дар Русия, ки чанд сол маҷбур будам онҷо зиндагиву кор кунам, ҳуқуқи инсон зиёд поймол мешавад ва инсоният маъно надорад, инсон гурги инсон аст. Вале дар Литва дидам, ки инсону инсоният ҳоло ҳам қадру қимат доранд.

Салимҷон Зиёев
P.S. Маркази фарҳангии тоҷикони муқими Литва ба кулли табибону парасторон ва афроди дигаре, ки дар табобати Салимҷон саҳм гузоштанд изҳори минатдорӣ мекунад.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО