Ифтитоҳи синфхонаи тоҷики дар кишвари Литва (Вилнюс)

Дар Вилнюс синфхонаи тоҷикӣ кушода шуд

Бо ташаббусу ибтикори Маркази фарҳангии Тоҷикони Балтик (МФТБ) дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва синфхонаи тоҷикӣ ифтитоҳ шуд. Дар синфхона аллакай 20 хонанда фаро гирифта шуда ва дарсҳо шурӯъ шуданд.

Синфхона дар Маркази ақаллиятҳои миллӣ (МАМ) қарор дорад ва саҳми роҳбари он Gžegož  Miloševič (Гджегодж Милошевич)  дар кушодашавии синфхонаи тоҷикӣ низ қобили зикру қадрдонист.

Ба гуфтаи раҳбари Маркази фарҳангии Тоҷикони Балтик Мирзораҳим Кузов, вақте бо дархости таъсиси як синфхонаи тоҷикӣ ба ҷаноби Miloševič (Милошевич) муроҷиъат шуд, ӯ ин иқдомро бо хушнудӣ пазируфт ва ваъда дод дар камтарин фурсат барои наврасони тоҷики муқими Вилнюс синфхонае дар бинои Маркази ақаллиятҳои миллии Литва ҷудо кунад.

“Барояшон гуфтем, ки мехоҳем як синфхона барои фарзандони тоҷики муқими Литва боз кунем, чун намехоҳем, ки фарзандони тоҷик забони модарии хешро фаромӯш кунанд. Ҷаноби Ҷегош ин иқдомро хуб пазируфта изҳори омодагии кӯмак кард”, – мегӯяд раҳбари МФТБ.

Ба гуфтаи ӯ аз ҷониби МАМ ба наврасони тоҷик 1 синфхона, ташноби алоҳида ва ошхона ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин барои хонандагон ҳангоми танаффус ширинӣ ва қаҳва таъмин карда мешавад.

Бори аввал дар таърихи Литва дар ин кишвар 25 июли соли 2023 синфхонаи тоҷики боз шуд ва ба фаъолият шурӯъ кард. Дар синф 20 нафар хонандагони тоҷик дарс мехонанд, ки комилан бо тоҷикӣ буда, ба онҳо забону адабиёт ва таърихи тоҷикону Тоҷикистон омӯзонда мешавад.

Дарсҳо дар як рӯз ду соат аз соати 11 то 13 давом мекунанд. Бар иловаи дарсҳо, наврасон байни ҳам бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, ки дар фаромӯш насохтани забони модариашон кӯмак мекунад. Масъулияти таълмии наврасони тоҷикро олими тоҷики муқими Вилнюс Эҳсони Азиз ба дӯш гирифтааст. МФТБ ният дорад дар оянда хонандагону муаллимони дигареро ба синфхонаи тоҷикӣ ҷалб намояд.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО