Таҷлили иди сайди Қурбон дар шаҳри Вилнюси Литва

Иди Қурбон – яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳамасола рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа баргузор мешавад, имсол ба рӯзи 28-уми июн рост омадааст. Ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Вилнюси Литва иди мазкурро бо шукӯҳу шаҳомати баланд ҷашн гирифтанд. Чорабиниро бо хондани оятҳои каломи шариф ҳусни оғоз бахшида, табрикоти идона аз тарафи раиси Ҷамъияти тоҷикон шунида шуда, ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд ба ҳамагон саодату комёбиро орзу намуданд. Дар чорабинии мазкур дастархони идона ороста шуда, тамоми мардуми муқими шаҳри Вилнюс ба чорабинӣ даъват шуда буданд, ки зану мард ва кӯдакон сари дастурхони идона ҷамъ омаданд. Дар чорабинии идона барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки хоса барои кӯдакон бахшида шуда буд. Ҷолиб он буд, ки барномаи фарҳангӣ барои тақвият додани сатҳи донистани забони тоҷикӣ миёни кӯдакону наврасон шеърхонӣ ва саволу ҷавоб карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим гардид.


Аллоҳ ин идро пур аз муҳаббат, шодиву сурур, амалҳои писандида, қабули дуъоҳо, бахшида шудани гуноҳҳо ва баланд бурдани ҷоҳу мақоми муъминҳо бигардонад..

Идатон муборак ҳамватанони азизу гиромӣ!

Ҷамъияти тоҷикон дар Литва,
Вилнюс, 28/06/2023

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО