Маҷлиси Ҷамъияти тоҷикони муқими Литва

Рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Департаменти ақаллиятҳои миллии Литва, ки қароргоҳаш дар шаҳри Вилнюс мебошад, маҷлиси Ҷамъияти тоҷикони муқимӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши раиси ҷамъияти мазкур Мирзораҳим Кузов “Дар бораи гузаронидани чорабиниҳо дар соли 2023 шунида шуд.

Дар ҷаласа се масъалаи асосӣ баррасӣ гашта, дар зимн оид ба тақвият бахшидани фаъолияти ҷамъият, ташкили Шӯрои ҷамъияти тоҷикони муқими Литва ва масоили мухталиф баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа масоили мазкур бо аъзоёни ҷамъият баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, ҳама аъзоёни ҷамъият фикрҳояшонро оид ба фаъолияти кори ҷамъият баён намуданд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои фаъолияти ҷамъият барои солҳои 2023-2024 ҳама тасмимҳои фаъолият ба дӯши Шурои ҷамъият гузошта шавад ва дар наздиктарин фурсат ба тариқи овоздиҳӣ намояндагони шурои мазкур интихоб шаванд. Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки Оинномаи ҷамъият бознигари карда шавад ва тағиру иловаҳо ба онро ҳатмӣ донистанд.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО