Мулоқоти раҳбари Департаменти ақаллиятҳои миллии Литва бо раиси Маркази фарҳангии тоҷикон

Раҳбари Департаменти ақаллиятҳои миллии Литва Вида Монтвидайте рӯзи 6 апрел 

раиси Маркази  фарҳангии тоҷикони Балтик (МФТБ) Мирзораҳим Кузовро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд. Дар ин бора ба “Паём” аз Маркази  фарҳангии тоҷикони Балтик хабар доданд. 

Хонум Монтвидайте, ки тоза ба курсии раҳбарии Департаменти ақаллиятҳои миллии Литва нишастааст аз фаъолияти МФТБ пурсон шуд. Мирзораҳим Кузов дар бораи фаъолияти севунимсолаи марказ маълумот дода, аз ҷумла гуфт, Маркази тоҷикон моҳи ноябри 2019 ба қайд гирифта шудааст. Ҷамъият тоҷикон дар Литва 33 оиларо фаро гирифта, ки дар умум ҳудуди 150 нафар ҳастанд.  

Ҷамъияти мекӯшад фарҳанги тоҷиконро дар Литва муаррифӣ кунад ва ҳамчунин бо анҷоми силсилакорҳое довталабона (волонтерӣ) ба тоҷикони муқими Литва кӯмак мерасонад.

Кузов қайд кард, ки Маркази тоҷикон робитаи хубе бо раиси собиқи шаҳри Вилнюс Ремигиюс Шимашюс ба роҳ монда буд ва дар ободонии шаҳри Вилнюс низ саҳм бо басиҷи довталабони узви ҷамъият саҳм гузоштааст.

Аз замони таъсиси худ Марказ тавонистааст ду нафар ҷавонони муҳоҷирро вориди донишгоҳҳои тиббии Аврупо кунад, ки яке дар Литва ва дигаре дар Олмон таҳсил мекунанд. 

Соли гузашта Марказ дар ҳамкорӣ бо созмони “Каритас” бо баргузоррии маъракаҳо муаррифии фарҳанги тоҷиконро ба роҳ монд, ки дар телевизионҳои маҳаллӣ низ ба намоиш гузошта шуданд. Дар маъракаи тоҷикон намояндаи Сейм (парлумони Литва) низ ширкат дошт.

Дар навбати худ Вида Монтведайте аз фаъолияти Маркази тоҷикон изҳори қаноатмандӣ карда, раҳбари онро ба Рӯзи ақалиятҳои миллӣ, ки 23 май баргузор мешавад, даъват кард. Ӯ гуфт Шӯрои ақалиятҳои миллӣ дар 4 сол як маротиба интихоб мешавад ва дар интихоботи навбатӣ қарор аст аз ҷамьияти муҳоҷирон низ дар Шӯро ворид карда шаванд.

Ӯ таъкид кард, ки Департаменти ақаллиятҳои миллӣ мактаби якшанбегӣ дорад ва тоҷикон низ метавонанд ба он аъзо шуда, ба фарзандонашон бо забони тоҷикӣ дарсҳову омӯзишҳо ташкил кунанд.

Имкони ташкили дарсу омӯзишҳо барои калонсолон низ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи хонум Монтведайте мактба бо ҳадафи ҳифзи фарҳанги муҳоҷирон таъсис ёфтааст. 

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО