Ташкили Лагери тобистона барои кӯдакон ва волидон

Ташкили Лагери тобистона барои кӯдакон ва волидони тоҷикони муқими Аврупо.

Бо ташаббуси Марказии Фарҳангии Тоҷикону Балтик (МФТБ) рӯзҳои 09-15 уми июли соли 2022 дар истироҳатгоҳи ”Виллаи Илгай”-и минтақаи Тракай 54 нафар тоҷикони муқими кишварҳои мухталифи Аврупо ба фарқ аз нишастҳои қабли бо максади истирохату омузиш якҷо ҷамъ омаданд.

Шумораи хайатхо аз чор кишвари Аврупо ба таври зайл раддабанди гардид:

  1. 44 нафар аз Литва
  2. 5 нафар аз Латвия
  3. 4 нафар аз Олмон
  4. 1 нафар аз Полша

Дар маҷмуъ 42-нафар кӯдак ва 12 нафар волидон дар лагери тобистона якчоя истирохат намуданд.

Барномаи лагер аз фаъолияти зерин иборат буд:

  • омӯзиши забони модари (тоҷики);
  • бозиҳои варзиши;
  • омузиши қиссаҳои Қурони;
  • саёҳат бо кишти дар кули Галве минтақаи Тракай.

Инчунин дар рафти истироҳат намояндагони ҷамъиятхои тоҷикони мамолики Аврупо малакахои шиноварии худро тақвият дода, саёхати дастаҷамъонаро ба кули Галве анҷом доданд.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО