Кушодашавии ошхонаи “Синдбод” дар Вилнюс

Кушодашавии ошхонаи “Синдбод” дар Вилнюс

Рӯзи 27-уми июли соли 2020 бо суроғаи кӯчаи Шешкине (Šeškinė), 22 А дар шаҳри Вилнюс ошхонаи “Синдбод” кушода шуд. Ошхона хӯрокҳои миллии мардумони Осиёи Марказӣ, Туркия ва Литваро бо тамғаи “ҳалол” ба мизоҷон пешниҳод менамояд. Ошпазҳои чирадаст хӯрокҳои болаззатеро аз қабили самбӯса, оши палов, хомшӯрбо, лағмон, оши угро, манту, чикен кари, гуляш, дамлама, суп-пити ва ғайра пешниҳод менамоянд. Дари ошхона ба рӯи мизоҷони маҳаллӣ ва меҳмонони шаҳр рӯзҳои душанбе-шанбе аз соати 10:00 то соати 20:00 кушода аст. Маросими кушодашавии ошхона ботантана гузашта, диққати даъватшудагон ва роҳгузарҳоро ба худ ҷалб кард. Намояндагони мақомоти маҳаллии худидора, сохторҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳамшафати ошхона дар маросими муаррифӣ ширкат варзида, ба хӯрокҳои интихобан пешниҳодгардида баҳои баланд доданд. Аз рӯи шумора ошхонаи “Синдбод” сеюмин иқдоми соҳибкории тоҷикони муқими Литва ба ҳисоб
меравад. Бо рақами зерин метавонед ба маъмурияти ошхона тамос гирифта, хӯроки дилхоҳатонро пешакӣ фармоиш диҳед: +370 600 47282

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО