Саёҳат ба соҳили кули Галве. Минтақаи сайёҳии Қалъаи Тракай

Саёҳат ба соҳили кули Галве.

Рӯзи 25.06.2020 10 нафар ҷавонони тоҷики муқими Литва аз минтақаи сайёҳии Тракай дидан намуданд. Мақсади ин сафар шиносоии ҷавонони тоҷик ба таърих ва ҷуғрофияи Ҷумҳурии Литва буд. Ҳангоми сафар ҷавонон бо таърихи қалъаи қадимии Тракай (асри 14) ошно гардида, дар кӯли Галве, ки қалъаро аз чор тарафаш иҳота кардааст, оббозӣ намуданд. Оби гарми кӯл ба ҷавонон хеле хуш омад ва давоми чор соат аз оббозӣ дар атрофи қалъаи қадимӣ ҳаловат бурданд. Барномаи саёҳатӣ аз тамошо, оббозӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва бозии волейбол дар соҳили кӯли хушманзар иборат буд. Ҷавонон аз ташкилкунандагони саёҳат хоҳиш намуданд, ки барояшон дар фасли тобистон аққалан моҳе як маротиба чунин сафарҳои омӯзишиву истироҳатӣ ташкил намоянд.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО