Ташкили истироҳат ва мусобиқаҳои спортӣ дар ҳавои кушод. Боғи Вингес.

Ташкили истироҳат ва мусобиқаҳои спортӣ дар ҳавои кушод

Рӯзи 12.08.2019 тоҷикони муқими Литва дар боғи Вингиси шаҳри Вилнюс ба хотири ҷашни ъиди қурбон ва истироҳат кардан ҷамъ омаданд. Дар ин маъракаи хайр ба сафи истироҳаткунандагон бародархои қирғиз, узбек ва намояндагони мардуми маҳаллӣ пайвастанд. Мизбонони тоҷик барои пос доштани хотири меҳмонони худ дастурхони идона оростанд. Баъди хӯрокхӯрӣ ҷамъомадагон ба дастаҳо тақсим шуда, ба бозиҳои варзишии волейбол, шоҳмот ва дастхобкунӣ машғул гардиданд. Ҳайати ҷамъомадагон аз соати 11:00 то соати 17:10 дар боғи хушманзари Вингис истироҳат намуда, ҳар яке бо табъи болида ва вақти хуш ба хонаҳои худ баргаштанд.
Чунин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки тоҷикони ба кишвари Литва тозаворидгардида доираи тамосҳояшонро бо мардуми таҳҷоӣ ва намояндагони дигар аққаллиятҳои миллии ин мамлакат густариш диҳанд. Яке аз меҳмонони даъватӣ, ки аз ширкати ҳавопаймоӣ намояндагӣ мекард, нисбати ҳамоиши тоҷикон ва ҳамбастагиашон изҳори ҳайрат ва дастгирӣ намуд.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО