Оши палови тоҷикӣ. Зиёфат барои аҳолии маҳаллии минтақаи Паневежис, Вилнюс

Зиёфат барои аҳолии маҳаллии минтақаи Паневежиси шаҳри Вилнюс

Рӯзи 7-уми июни соли 2019 бо мақсади шиносонидани аҳолии Литва бо фарҳанги миллии тоҷикӣ ва тарзи омода намудани хӯроки миллии оши палов тоҷикони муқими Литва (шаҳрҳои Вилнюс ва Каунас) дар Маркази Фарҳангии Тоторҳои вилояти Вилнюс дар шаҳри Паневежис чорабинии фарҳангӣ гузарониданд. Тарзи тайёр намудани оши палов аз ҷониби ошпази касбӣ Сулаймон Давлатов ба меҳмонони чорабинӣ пешкаш гардид. Инчунин дар рафти ин чорабинӣ оростани дастурхони миллии тоҷикӣ низ ба намоиш гузошта шуд. Дар дастурхон аз ҷумла хӯрокиҳои зерин гузошта шуданд: самбӯса, суманак, кулча, орзуқ, тортҳои тоҷикӣ, хӯришҳои гуногун (салат), тушбераи бирён, ҳавло ва ғайраҳо.
Дар рафти чорабинӣ барои хушҳолии кӯдакон асбоби варзишии кӯдакона киро карда шуд. Дар давоми чор соате, ки чорабинӣ давом кард, меҳмонони чорабинӣ – аҳолии маҳаллии шаҳри Паневежис бо тарзи омода сохтани оши палов, дастурхони тоҷикӣ, сару либоси миллӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикӣ ошно гардиданд. Дар чорабинӣ инчунин меҳмонони даъватшуда аз ташкилоти ҷамъиятии Каритас, худидораи маҳаллии минтақаи Шнипишкеси шаҳри Вилнюс, мактаби ронандагӣ ва варзишгарони маъруфи риштаи бокс иштирок карданд. Дар охири чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиёни маърака (200 нафар) оши палов ва хӯрокиҳои миллӣ, ки аз ҷониби тоҷикони муқими Литва омода гардида буданд, пешниҳод карда шуд.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО