Мусоидат ба муҳити зисти солим. Минтақаи Шнипишкес, Вилнюс.

Мусоидат ба муҳити зисти солим
Минтақаи Шнипишкес, Вилнюс. 06.04.2019
Ҷамъияти тоҷикони Литва бо мақсади саҳм гузоштан дар тозагии муҳити шаҳри Вилнюс иқдом кард, ки дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Муҳоҷирони Осиёии Марказӣ дар Аврупо ва худидораи маҳаллии минтақаи Шнипишкес атрофи маҷмаъаи бонки Луминорро (Luminor) бо суроғаи хиёбони Конститутсия (Konstitucijos pr. 21A) аз партовҳои мавсимӣ тоза намояд. Рӯзи 6-уми апрели соли 2019 теъдоди 30 нафар ҷавонони муқими Литва (шаҳрҳои Вилнюс ва Каунас) дар муддати 3 соат атрофи банки Луминорро аз партов тоза карда, барои гаштугузори мардум бехатар гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби худидораи маҳаллии минтақаи Шнипишкес мавриди дастгирӣ қарор гирифта, барои ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷамъияти Тоҷикон бо мақомоти идоракунии Литва ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ заминаии мусоид фароҳам овард. Ин ташаббус аз ҷониби васоити ахбори маҳаллӣ, бахусус вебсайти ru.delfi.lt (https://ru.delfi.lt/news/live/lidery-tadzhikskoj-obschiny-litva-stala-vtorym-domom-no-my-mechtaem-vernutsya-na-rodinu.d?id=80865325) инъикос гардида, боиси таҳсину муҳокимарониҳои ҷомеаи литвонӣ гардид.

Матолиби дигар

БАРЧАСПҲО