ВАЗЪИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ЛИТВА

Дар заминаи се пурсиши моҳҳои март-октябри соли 2020 аз ҷониби МФТБ гузаронидашуда
Маркази Фарҳангии Тоҷикони Балтик (МФТБ) ташкилоти ҷамъиятии масъулияташ маҳдуд аст, ки 19-уми ноябри соли 2019 расман ба қайд гирифта шудааст. Шакли ҳуқуқии ташкилот иттиҳодия мебошад. МФТБ бо мақсади мусоидат намудан ба рушди умумии ҷамъияти тоҷикони муҳоҷир, ки дар дар Литва шурӯъ аз соли 2015 ташаккул ёфтааст ва ҳамчунин мусоидат ба интегратсияи босамари он ба ҷомеаи литвонӣ таъсис дода шудааст. Дар айни замон шумораи умумии аъзои ин ҷамъият аз 32 оила ва 92 нафар шахс иборат аст, ки 44 нафарашон (48%) аз 19-сола поинанд. Аз ҷумла 25 нафарашонро мактаббачагон ва 8 нафарашонро тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагон ташкил медиҳанд. 11 нафар кӯдак бо сабабҳои ба мо номаълум алҳол бо муассисаҳои давлатиии томактабӣ ва дигар макотиб фаро гирифта нашудаанд.

  1. Дар муддати 11 моҳи мавҷудияти МФТБ фаъолон-ихтиёриёни он чорабиниҳои зеринро анҷом доданд:
  2. Дафтари кориро бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами иттиҳодия ташкил намуданд;
  3. Рамз ва варақаи расмии МФТБ-ро кор карда баромаданд;
  4. Саҳифаи интернетии ташкилотро бо се забон сохтанд;
  5. Ду лоиҳаи хурдҳаҷмро бо қувваи ихтиёриёни худ амалӣ намуданд;
  6. Ҳамкориро бо чор ташкилотҳои гуногун дар Литва ба роҳ монданд;

Се тадқиқоти (пурсиши ) бунёдиро бо мақсади омӯзиши вазъи воқеъии муҳоҷирони тоҷики муқими Литва ва муайян намудани мушкилоте, ки барои интегратсияи босамари онҳо ба ҷомеаи литвонӣ халал мерасонад, гузарониданд.

Таҷрибаи начандон калони ташкилот нишон медиҳад, ки МФТБ бояд авлавиятҳои фаъолияти худро мутобиқи эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи гурӯҳи мақсаднок, ки барои интегратсияи ҳамаҷонибаи он садд эҷод месозад, муайян намояд. Садди аввалине, ки дар айни замон ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик ба он бармехӯрад – ин хатари нагирифтани шаҳодатномаи хатми макотиби асосӣ ва миёна бар асари надонистани забони давлатӣ (литвонӣ) аз ҷониби 9 нафар кӯдакони муҳоҷир мебошад, ки дар синфҳои 9, 10 ва 12-уми макотиби мухталифи шаҳрҳои Вилнюс ва Каунас таҳсил менамоянд. Дар сурати нагирифтани шаҳодатномаи хатми мактабҳои асосӣ ва миёна 9 нафар мактаббачагони муҳоҷири тоҷик имкон пайдо намекунанд то таҳсили худро дар коллеҷҳои касбӣ ва донишкадаҳо давом додаву соҳиби касбу кори мехостаашон гарданд.

Тадқиқоти дигари бунёдӣ, ки аз ҷониби МФТБ ба наздикӣ (10-18 ноябри соли 2020) гузаронида шуд, вазъи бо кор таъмин гардидани муҳоҷирони тоҷикро мавриди омӯзиш қарор дод. Пурсиш миёни 37 нафар муҳоҷирони қобилияти корӣ дошта, ки дар шаҳрҳои Вилнюс ва Каунас истиқомат мекунанд, гузаронида шуд. Аз шумораи умумии 48 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки синнашон аз 20-сола болост, 2 нафарашон нафақахӯр буда, 6 нафари дигарашон берун аз ҳудуди Литва қарор доштанд. Се нафари боқимонда бошанд дар пурсиш иштирок кардан нахостанд.

Ин омӯзиш муайян намуд, ки миёни муҳоҷирони тоҷики қобили меҳнати маскуни Литва 18 нафарашон (11нафар мард ва 7 нафар зан) мутахассисони дипломдор мебошанд, ҳарчанд ҳамагӣ ду нафарашон мувофиқи ихтисоси худ бо кор таъминанд. Яке аз сабабҳои муҳим, ки ба интегратсияи иқтисодии мутахассисони номбурда халал мерасонад, ин надонистани забони давлатӣ мебошад. Аз шумораи умумии 37 нафар муҳоҷирони тоҷик (20 мард ва 17 зан), ки бо тадқиқот фаро гирифта шуданд, дар айни замон ҳамагӣ 16 нафарашон (5 зан ва 11 мард) бо кори фоидаовари ҷамъиятӣ машғуланд. Боқимонда 18 нафарашон (10 зан ва 8 мард) бо сабабҳои гуногун кор намекунанд. Бояд қайд намуд, ки 11 нафар муҳоҷирони тоҷик (3 зан ва 8 мард) ҳоло аз аввали ба Литва омаданашон ба худ кори муносиб наёфтаанд, ки аз ин миён 5 нафарашон (2 зан ва 3 мард) соҳибихтисосанд.

Аз ҳисоби тоҷикони муҳоҷири болиғ ду нафарашон (як ҷавондухтар ва як ҷавонмард) дар соли ҷорӣ ба донишгоҳҳои Литва ва Олмон дохил шудаву дар риштаи тиб таҳсили худро давом медиҳанд. Ҳамчунин як ҷавонзани дигар курси кӯтоҳмуддати дӯзандагиро хатм кардаву дар айни ҳол бо кӯмаки мутахассисони ташкилоти Салиби Сурх ва Биржаи Меҳнат дар ҷустуҷӯи кор аст.

Аз шумораи умумии муҳоҷирони қобили меҳнат 16 нафарашон (8 зан ва 8 мард) кормандони беихтисосанд ва ба бозомӯзӣ ниёз доранд. Аз рӯзи ба Литва омаданашон ҳамагӣ 4 нафар занон курсҳои касбии қаннодиро хатм намудаанд, вале, мутаассифона ягонтои онҳо мувофиқи ихтисоси нав азхудкардаашон кор пайдо карда натавонистанд.

Шаш нафар занон аз шумораи умумии занони муҳоҷири тоҷик, ки бо тадқиқот фаро гирифта шуданд, дар айни замон бо нигоҳубини кӯдакони навзоди худ машғуланд. Аммо, мутаассифона, ҳамагӣ як нафари онҳо кӯмакпулӣ барои нигоҳубини фарзанд мегирад, ки то таваллуди кӯдаки худ бо кори ҷамъиятӣ машғул буд. Ҳамчунин шумораи занони умуман кор накарда аз шумораи чунин мардон анқариб се маротиба бештар аст. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки ба ҷанбаи ҷендерии бо кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик диққати махсус диҳем.