Дар бораи мо

Маркази Фарҳангии Тоҷикони Балтик (МФТБ) ташкилоти ҷамъиятии масъулияташ маҳдуди шаҳрвандӣ буда, шакли ҳуқуқиаш иттиҳодия мебошад. Иттиҳодия 19.11.2019 дар назди ҳукумати маҳаллии шаҳри Каунас Ҷумҳурии Литва таҳти рақами 305346386 ба қайд гирифта шудааст. Мақсади иттиҳодия мусоидат ба рушди ҳаматарафаи муҳоҷирони тоҷики муқими Литва ва беҳтар намудани вазъи мутобиқгардии онҳо ба шароити нави зист мебошад. То имрӯз МФТБ барномаҳои экологӣ, шиносоии истиқоматкунандагони Вилнюс бо хӯрокҳо ва фарҳанги миллии Тоҷикистон, барномаҳои варзишӣ-истироҳатӣ, фароғатӣ ва шиносоӣ бо мавзеъҳои қобили таваҷҷуҳи Литваро амалӣ намуда, дар маҷмӯъ худро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллии ин кишвар шиносонид.

Ҳамчунин дар муддати бештар аз як соли мавҷудияташ ҷамъияти навташкили тоҷикон бо ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатии марбута муносибатҳои ҳамкорӣ барқарор намуд. Иттиҳодия дар ҳоли рушд буда, дар айни замон диққати асосиро ба такмили нерӯи инсонӣ, ҷалби бештари аъзоёни иттиҳодия ба чорабиниҳо ва барқарор намудани муносибатҳо бо маблағгузорони милливу байналмилалӣ равона месозад.

Минбаъд амалӣ намудани барномаҳои варзишӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, рушди соҳибкорӣ миёни калонсолону ҷавонон, такмили малакаҳои роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ, рушди ҳамаҷонибаи занон, мувозинати ҷендерӣ ва омӯзиши таърих ва ҳувияти ниёгон барои кӯдакону наврасон, гузаронидани ҷашнҳои милливу динӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар назар аст.

Навъҳои фаъолият: ҳуқуқи муаллифӣ, беҳдошти шароити манзил, ҳуқуқҳои марбута, беҳбудии муҳити зист, ҳифзи мероси фарҳангӣ, ташкили истироҳат, ҳифзи ҳуқуқҳои аққалиятҳо, рушди ҳувияти миллӣ, шаҳрвандӣ ва фарҳангӣ, бехатарии миллӣ ва дифоъ, таълими беруназмактабӣ, таълими шаҳрвандӣ, такмили ихтисос, ташкил ва гузаронидани фаъолияти ихтиёриён, ҳифзи иҷтимоӣ, кӯмаки иҷтимоӣ, ҳамкории байналмилалӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, рушди соҳибкорӣ, рушди ҷамоаҳои маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд.

Самтҳои фаъолият: маърифати фарҳангӣ, хизматрасониҳои марбут ба маърифат.